Популярные новости
Персоны
РАХМОН Эмомали
РАХМОН Эмомали Таджикистан Родился в 1952. Служил матросом на Тихоокеанском флоте ВМФ СССР. Окончил заочно экономический факультет Таджикского университета.

Все персоны
Опрос
В какой стране грядет ближайшая революция?
Календарь
«    Январь 2018    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 
Погода
Курс валют
1 доллар США
  • Афганистан 0
  • Казахстан 330
  • Кыргызстан 69.1
  • Таджикистан 8.82
  • Туркменистан 3.49
  • Узбекистан 8138
МУРОҶИАТНОМАИ ҶУНБИШИ « БАС!» БА МАРДУМИ ШАРИФИ ТОҶИК (части 5-7, из архива procella.ru)
  • 22 апреля 2015, 08:57 | Новости / История

    МУРОҶИАТНОМАИ ҶУНБИШИ « БАС!»
    БА МАРДУМИ ШАРИФИ ТОҶИК (части 5-7, из архива procella.ru)

    Падарон ва модарон, бародарон ва хоҳарон, фарзандони азизи мо – шаҳрвандони Тоҷикистон!
    Ҷунбиши БАС бори дигар эълом медорад ки шиори имрӯзи Ҷунбиш ин аст:

    НА ВОВЧИК, НА ЮРЧИК – ИН АСТ ОРМОНИ ТОҶИК!

    МУРОҶИАТНОМАИ ҶУНБИШИ « БАС!» БА МАРДУМИ ШАРИФИ ТОҶИК (части 5-7, из архива procella.ru) Сабабгори ягона ва аслии тамоми бадбахтиҳои кишварамон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамкорони ӯ дар бозиҳои сиёсиву мансабдуздияшон аз ҷумлаи ба ном мухолифонашон мебошанд. Маҳз Э.Раҳмон ва ба ном мухолифонаш якҷоя гуноҳҳое содир кардаанд ки нобахшиданист ва онҳо ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.

    ПАНҶУМИН гуноҳи бузурги мансабдузд Э.Раҳмон он аст, ки у аз беақлиаш ва масти бозиҳои ҳарисона буданаш бунёди тарҳи бузурги Нерӯгоҳи Барқи Обии Роғунро хароб кард. Ҷумҳурии Узбекистонеро ки аз забони раҳбарони олирутбаи он кишвар омодагии худро дар саҳмгузории молӣ ва феълии сохтумони НБО-и Роғун эълом карда буд, ба мухолифи ашаддии ин тарҳ мубаддал кард. Раҳмонов кишварро ҳамчун совхозе, ки замоне раҳбараш буд, меҳисобад ва то ҳол ҳам ба дараҷаи сиёсатмадори сатҳи ҷумҳурӣ нарасидааст. Вагарна таий бештар аз бисту се сол метавонист бо кишвари ҳамсоя роҳи ҳалли ин масъаларо пайдо кунад, бахусус бо кишваре ки барои сари қудрат омадани ӯ саҳми ҳалкунанда дошт ва солҳои зиёд ҳам аз ҷиҳати амниятӣ, ҳам аз ҷиҳати молӣ кишвари моро кӯмаки зиёде кардааст. Ҳамкорони ӯ дар лагери «мухолифон» бозии душмансозии мардуми ҳамсояро шиддат бахшида, дар оби лой кардаашон солҳо мохӣ дошта омаданд. Аммо бехабаранд, ки чунин пешвоён хеле зиёд омадаанду рафтаанд, аммо халқ зинда аст ва ҳеҷ гох намегузорад ки риштаҳои ҳазорсолаи дустии мардумони тоҷику узбекро касе бибурад.

    Чанд сол қабл Э.Раҳмон бо мақсади расидан ба ҳадафҳои ҳарисонааш мардумро ғорат намуд, маҷбуран пулҳои халқро барои харидани саҳмияҳои НБО-и ҳоло сохтанашудаи Роғун гирифт ва мардуми қашшоқро боз ҳам қашшоқтар кард. «Мухолифон» бошанд бар зидди чунин рафтори ғайриқонунии Э.Раҳмон лаб накушоданд, ба роҳи дурусти ҳалли мушкили сохтумони НБО ишора накарданд, балки горати мардумро аз тарафи ин мансабдузд таҳсин гуфтанд. Сохтумони НБО Роғун ҳанӯз ҳам ба охир нарасидааст ва маълум нест ки кай ба охир мерасад. Ва агар рӯзе ба охир расад ҳам маълум нест ки оё мардуми точик аз он метавонанд баҳра баранд ё Эмомалӣ Раҳмону ҳамтабақонаш агар сари қудрат монанд боз мисли барқи НБО-ҳои дигар барқро ба Афғонистон фурӯхта «гум шуд» хоҳанд гуфт?

    Инаст ки мо бори дигар шиори рӯзро эълом медорем:

    НА ВОВЧИК, НА ЮРЧИК - ИН АСТ ОРМОНИ ТОҶИК!

    Мо мегӯем: Бас! Бас аст ҳукмронии беадолат ва бефаросат! Эмомалӣ бояд биравад! Ҳеҷ яке аз «вовчику» «юрчикҳо» набояд ба Парламони Тоҷикистон ва мансабхои давлатӣ роҳ дошта бошанд! Имрӯз ҳамаҷо шиори «БАС !»-ро бинед, хонед, худ нависед! Донед, ки Ҷунбиши «Бас!» бо шумост ва ҳатман бо шумо ба мароми худ хоҳад расид!

    ҶУНБИШИ « БАС ! »


    (6)

    МУРОҶИАТНОМАИ ҶУНБИШИ « БАС!»
    БА МАРДУМИ ШАРИФИ ТОҶИК

    Падарон ва модарон, бародарон ва хоҳарон, фарзандони азизи мо – шаҳрвандони Тоҷикистон!

    МУРОҶИАТНОМАИ ҶУНБИШИ « БАС!» БА МАРДУМИ ШАРИФИ ТОҶИК (части 5-7, из архива procella.ru) Сабабгори ягона ва аслии тамоми бадбахтиҳои кишварамон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамкорони ӯ дар бозиҳои сиёсиву мансабдуздияшон аз ҷумлаи ба ном мухолифонашон мебошанд. Маҳз Э.Раҳмон ва ба ном мухолифонаш якҷоя гуноҳҳое содир кардаанд ки нобахшиданист ва онҳо ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд. Имрӯзҳо ғазабу андӯҳ, фиғону доди миллионҳо тоҷикон аз зулми Эмомали ва ҳаммаслаконаш нафақат ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, балки миллионҳо одамони дигарро берун аз кишварамон низ ба хашм овардааст. Дар ин зулми режими хиёнаткори Эмомалӣ ба ном «мухолифонаш» низ саҳм доранд. Барои ҳамин ҳам Ҷунбиши БАС аз ҳамаи тарафдоронаш хоҳиш мекунад ки шиори зеринро дастгирӣ намоянд:

    НА ВОВЧИК, НА ЮРЧИК - ИН АСТ ОРМОНИ ТОҶИК!

    Мо мутмаинем, ки дар сари қудрат омадану то ҳол қудрати ғасбшударо дар даст нигаҳ доштани Э.Раҳмон саҳми «мухолифонаш» бузург аст. Онҳо то ҳол дар фикри онанд ки қудрату мансабҳоро байни худ аз нав тақсим намоянд. Гӯё ки ба ғайр аз «вовчикҳо» ва «юрчикҳо» дигар мардуме нест, ки тавонад кишварро раҳбарӣ намояд, ислоҳоти иқтисодиро ба роҳ монад, авлавияти қонунро ҷорӣ кунад. Дар асл Э.Раҳмон ва ба ном «мухолифонаш» гунаҳгори тамоми бадбахтиҳо дар кишваранд ва ҳатто дар ватанфурӯшӣ ҳаммаслаканд.

    ШАШУМИН гуноҳи бузурги Э.Раҳмон ва ҳаммаслаконаш ватанфурӯшии онҳост. Хамин Эмомалии мансабдузди бособиқа бар хилофи Конституция қисме аз ҳудуди кишварамонро ба Хитой фурӯхт ва парламони ин режими гайриқонунӣ ҳатто кадом марзҳоро фурӯхтани Эмомалии ватанфурӯшро напурсида, ба чунин хиёнати бесобиқа роҳ дод!

    МУРОҶИАТНОМАИ ҶУНБИШИ « БАС!» БА МАРДУМИ ШАРИФИ ТОҶИК (части 5-7, из архива procella.ru) Оё медонед, ки масоҳати заминҳои фурӯхтаи Эмомалӣ баробари чунин ҷазираи бузурге мисли Ҳонконг, якуним баробари ҳудуди давлати Баҳрайн ва ду баробари масоҳати кишваре чун Сингапур мебошад?! Эмомалӣ хуб медонад, ки тибқи Моддаи 7 Конституцияи Тоҷикистон Ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад ва вайрон кардани ин моддаи конститутсионӣ баробари хиёнат ба Ватан ҳисобида мешавад! Медонад, ва ба райъи мардум ва ба Конститутсияи Тоҷикистон Эмомалии мансабдузд туф кардааст!

    Ватанфурӯшии Эмомалии беимон миллионҳо тоҷиконро ба хашму газаб овардааст ва аз ночориву эҳтиет аз сагони режими Эмомалӣ мардум фикру андешаҳои худро дар сафҳаҳои сомонаҳои интернетӣ ҷой медиҳанд. Як бародари тоҷик чунин шеърро дар Интернет ҷой додаст:

    Эй хашми ба чон тохта туфони шарар шав,
    Эй бугзи гуландохта фарёди хатар шав.
    Эй руйи барафрухта худ парчами рах бош,
    Эй мушти барафрохта афрохтатар шав.
    Эй хофизи чони ватан аз хона бурун ой,
    Аз хона бурун чист, ки аз хеш бурун шав.
    Гар шуъла фуру резад биштобу маяндеш,
    Вар тег фуру борад эй сина сипар шав.
    Хоки падарон аст ки дасти дигарон аст,
    Хон эй писарам хонанигахдори падар шав.
    Девори мусибаткадаи хавсала бишкан,
    Шармомада аз ин хама сабри ту зафар шав.
    То худ чигари рубахаконро бидарони,
    Чун шери дари беша саропой чигар шав.
    Маспор ватанро ба казову кадар эй дуст,
    Худ бар сари он тан ба казо дода кадар шав.
    Фарёд ба фарёд бияфзой ки вакт аст,
    Дар як нафаси тоза асархост асар шав.
    Ай точики озода чахон чашм ба рох аст,
    Ин мулки кухан дар хатар уфтода хабар шав.
    Муште хасу хоранд ба як шуъла бисузон,
    Бар зулмати ин шоми сияхфом сахар шав.
    Ин шеър новобаста аз он, ки ба қалами кӣ тааллуқ дорад, нидои дили тамоми мардуми тоҷик, ба хусус онҳоеро ифода мекунад, ки аз зулми режими худкомаи Эмомалӣ наҷот ҷуста, солҳо берун аз Ватан заҳмат мекашанд. Ҷунбиши «БАС» аз ҳамаи тарафдоронаш хоҳиш мекунад, ки ин нидо ва талаби моро ба тамоми мардуми тоҷик расонанд:

    НА ВОВЧИК, НА ЮРЧИК - ИН АСТ ОРМОНИ ТОҶИК!

    Бас! Бас аст ҳукмронии беадолат ва бефаросат! Эмомалӣ бояд биравад! Ҳеҷ як «вовчик» ё «юрчик» дар Ҳукумат ва Шӯрои Олӣ набояд соҳиби мансаб бошад! Имрӯз ҳамаҷо шиори «БАС !»-ро бинед, хонед, худ нависед! Донед, ки Ҷунбиши «Бас!» бо шумост ва ҳатман бо шумо ба мароми худ хоҳад расид!

    ҶУНБИШИ « БАС ! »

    (7)
    МУРОҶИАТНОМАИ ҶУНБИШИ « БАС!»
    БА МАРДУМИ ШАРИФИ ТОҶИК

    Падарон ва модарон, бародарон ва хоҳарон, фарзандони азизи мо – шаҳрвандони Тоҷикистон!

    МУРОҶИАТНОМАИ ҶУНБИШИ « БАС!» БА МАРДУМИ ШАРИФИ ТОҶИК (части 5-7, из архива procella.ru) Ҷунбиши БАС шуморо даъват менамояд ки дар ин рӯзхои ҳассоси ҷамъиятиву иҷтимоии Тоҷикистон ба шиори имрӯзи Ҷунбиши БАС пайравӣ кунед ва онро тарғиб намоед. Шиорамон ин аст:

    НА ВОВЧИК, НА ЮРЧИК – ИН АСТ ОРМОНИ ТОҶИК!

    Беш аз бисту ду соли ҳукмронии ғайриқонунӣ ва давраи дурандарози ғасби давлатдорӣ аз тарафи Эмомалӣ Раҳмонов (Раҳмон) ӯро наомӯзонданд, ки раҳбарии совхоз дигар асту давлатдорӣ дигар аст. Раҳмон бо «мухолифонаш» ҳанӯз болои нархи ҳамкориашон мубориза мебаранд ва дигар имкони ислоҳ шудан надоранд. Ҳам юрчикҳо ва ҳам вовчикҳо бояд барои абад аз саҳнаи сиёсии давлатамон гум шаванд!

    ҲАФТУМИН гуноҳи бузурги Э.Раҳмон ва «мухолифонаш» он аст, ки дар кишвар ҳазорон кӯдакон ятиманд ва афзоиши шумораи онҳо натиҷаи кашмакашхҳои тӯлонии ин ду тарафи мансабталаб ва ифротии сиёсӣ мебошад. Маҳз тоҷиккушии онҳо кишварро ба фақр расонд. Ҳамин вовчикҳову юрчикҳо буданд ки таҳти шиори демократия ва барқарории сохти конститутсионӣ кишварро ба анархия тела доданд ва табаддулоти гайриқонунии зиддиконститутсионии давлатӣ ба амал оварданд. Ҳоло бошад, инҳо ҳар сари қадам ба зиёрати ятимон мераванду тӯҳфаҳои бо пули корчаллонҳои маҳалҳо харидашударо аз номи Раҳмон ба ятимон месупоранд ва ин кӯдаконро барои расидан ба ҳадафи нопоки давом додани ғасби давлат ва «обрӯ гирифтан» истифода мебаранд. Ҳол он ки ахлоқи ҳамида онро тақозо мекунад ки дасти чап аз кори хайри дасти рост бехабар бошад, на он ки шабу рӯз ҳамчун «иқдоми неки сарвари давлат» гӯшу ҳуши мардумро бо чунин афсонаҳои палидашон гич кунанд.

    Чун вовчикҳо ва юрчикҳо худ ҳазорон кӯдакони тоҷикистониро ятим карданду ятимонро воситаи ба даст овардани ҳадафхои сиёсиашон ва боз мондан дар сари қудрат намудаанд, пас дигар ҳақи раҳбарӣ дар кишварро надоранд. Мо аз тамоми тарафдоронамон хоҳиш мекунем ки мардумро ба бедорӣ даъват кунанд ва шиори зеринро ҳама ҷо талқин намоянд:

    НА ВОВЧИК, НА ЮРЧИК - ИН АСТ ОРМОНИ ТОҶИК!

    Бас! Бас аст ҳукмронии беадолат ва бефаросат! Эмомалӣ бояд биравад! Ҳукумату Парламон ва тамоми мақомоти чумҳурӣ ва махалӣ бояд аз вовчику юрчикҳо пок карда шаванд! Имрӯз ҳамаҷо шиори «БАС !»-ро бинед, хонед, худ нависед! Донед, ки Ҷунбиши «Бас!» бо шумост ва ҳатман бо шумо ба мароми худ хоҳад расид!
    ҶУНБИШИ « БАС ! »

    (Из архива procella.ru)




    Комментарии пользователей:
    Информация
    Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии к данной публикации.